Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар шаҳри Гоа бо ҳамтоёни худ аз Ҳиндустон ду бозии дӯстона анҷом дод.
Дар бозии аввал дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон аз дастаи мизбон бо ҳисоби 2:4 мағлуб шуд. Меҳрубон Одилзода ва Садриддин Сатторов дар ин вохӯрӣ голҳои дастаи моро заданд.
Бозии дуюм байни тимҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт
Рақибони мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 12 феврал дар маросими қуръакашӣ муайян мегардад.