Имрӯз, 30 январ дастаи миллии футзали Тоҷикистон бозии дуюми худро дар Ҷоми футзали Осиё-2026, ки дар Индонезия ҷараён дорад, анҷом медиҳад.
Дастаи мо бо мунтахаби Ҷопон нерӯ месанҷад. Бозӣ дар маҷмааи варзишии «Индонезия-Арена»-и Ҷакарта соати 17:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.