Рефери ФИФА аз Тоҷикистон Насрулло Кабиров дар Дохаи Қатар се бозии чемпионати якуми Осиёи Ғарбиро байни мунтахабҳои ҷавонони зери 23-сола ҳакамӣ намуд.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ довари 30-солаи тоҷик ба ҳайси сардовар бозии байни мунтахабҳои ҷавонони Фаластин ва Урдунро (1:0) ҳакамӣ намуда, инчунин ба ҳайси довари канорӣ бозии миёни мунтахабҳои ҷавонони Яман ва Фаластинро (2:1) хизматрасонӣ кард.
Хурсандиовар аст, ки ҳакамии яке аз бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқа – бозӣ барои медалҳои биринҷӣ ба довари тоҷик Насрулло Кабиров бовар карда шуд. Дар ин бозӣ дастаҳои мунтахаби ҷавонони Қатар ва Яман вориди рақобат шуданд. Бозӣ бо ҳисоби калони 3 бар 0 ба фоидаи мизбонони мусобиқа анҷом ёфт.
Дар нахустин чемпионат, ки аз ҷониби Федератсияи футболи Осиёи Ғарбӣ барои мунтахабҳои ҷавонони зери 23-сола ташкил карда шуд, 10 даста ширкат кард. Дар бозии финалӣ мунтахаби ҷавонони Эрон бар ҳамсолонашон аз Сурия бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд.