Федератсияи футболи Тоҷикистон бо андуҳи зиёд дар бораи марги ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муслимович Муҳаммадиев хабар медиҳад. Муҳаммадиев пас аз бемории вазнин дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт.
Муҳсин Муҳаммадиев дар рушди футболи тоҷик саҳми бебаҳо гузошта, дар хотираи мухлисон, ҳамкорон ва шогирдонаш абадан боқӣ хоҳад монд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ба оила ва дӯстони марҳум изҳори тасаллӣ мекунад.