«Соро компания» дар силсилаи ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон-2025 оид ба футзал пирӯзии дуюми хешро ба даст овард – Федерация Футбола Таджикистана

«Соро компания» дар силсилаи ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон-2025 оид ба футзал пирӯзии дуюми хешро ба даст овард

Тимҳои «Соро компания» ва «Сипар» бозии сеюми худро дар силсилаи ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон-2025 оид ба футзал баргузор намуданд. Дидори дастаҳо дар «Кохи Олимп» ҷараён гирифта, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи тими «Соро компания» анҷом ёфт. 

Бо ҳамин тартиб, қаҳрамони феълии Тоҷикистон «Соро компания» пирӯзии дуюми худро дар силсилаи ниҳоии мусобиқот ба даст овард. 

Айни замон ҳисоби умумии силсила 2:1 ба нафъи тими «Соро компания» мебошад. Дар сурати пирӯзӣ дар бозии чаҳорум, дастаи «Соро компания» унвони қаҳрамонии кишварро соҳиб хоҳад шуд.

Назари худро бинависед