Устураи футболи тоҷик Шариф Назаров аз олам чашм пӯшид – Федерация Футбола Таджикистана

Устураи футболи тоҷик Шариф Назаров аз олам чашм пӯшид

Пас аз бемории вазнин, мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик, мураббии шоистаи ИҶШС Шариф Назарович Назаров дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт.

Шариф Назаров 23 феврали соли 1946 таваллуд шудааст. Номи ӯ дар таърихи варзиши тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ӯ мураббии шоистаи ИҶШС ва Тоҷикистон оид ба футбол аст. Назаров аз маъмурӣ сар карда, то ба вазифаи сармураббӣ кор намудааст. Ӯ бо бисёр мураббиёне, ки дар муваффақияти дастаи “Помир”-и Душанбе саҳми назаррас гузоштаанд, фаъолият кардааст. 

Таҳти роҳбарии Шариф Назаров «Помир»-и Душанбе соли 1988 дар лигаи якум ғолиб омада, ба лигаи олии ИҶШС роҳ ёфтааст. 

Ҳамчун мураббӣ Шариф Назаров ҷоизаҳои зиёдеро ба даст овард. Ӯ қаҳрамони чандинкарата ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон аст. Ба ҳайси мураббии тими миллии Тоҷикистон ӯ Ҷоми даъвати КФО-2006-ро соҳиб шудааст. 

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба оила ва дӯстони марҳум изҳори тасаллият менамояд.

Назари худро бинависед