Имрӯз, 27 декабр Лигаи футболи Тоҷикистон дар маҷмааи «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими мутантани ҷоизасупорӣ баргузор кард, ки дар он аз мавсими футболи 2025 натиҷагирӣ гардида, ғолибони ҷоизаҳои инфиродӣ эълон карда шуданд.
Дар чорабинӣ ғолибони ҷоизаҳои инфиродии лигаи олии Тоҷикистон, чемпионати ҷавонон ва лигаи якум муайян шуданд. Дар маҷмуъ аз рӯйи 18 номинатсия беҳтаринҳо қадрдонӣ гардиданд.
Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими миллии кишвар Амирбек Ҷӯрабоев бори аввал дар таърихи фаъолияти худ ҷоизаи беҳтарин футболбози Тоҷикистонро ба даст овард. Ӯ инчунин беҳтарин нимҳимоятгари чемпионати Тоҷикистон-2025 эътироф гардид.
Қобили зикр аст, ки ҷоизаи махсуси Федератсияи футболи Тоҷикистон ба бозигари дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Шервонӣ Мабатшоев, ки имсол дар ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон 7 гол задааст, тақдим карда шуд.