Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Мубин Эргашев, баъд аз бохт дар бозии даври шашуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 аз мунтахаби Урдун бо ҳисоби 0 бар 3, дар нишасти хабарӣ изҳори таассуф намуд, ки дар ин бозӣ шогирдонаш дастурҳоро пурра иҷро карда натавонистанд.
– Дастаи Урдунро бо ғалаба табрик мекунам, – оғоз намуд нишасти хабариро Мубин Асрорович. – Мутаассифона, ба бозигарони мо имкон нашуд, ки дастурҳоро ӣо охири бозӣ иҷро намоянд. Дар қиси аввал аз рӯи нақшаи тарҳрезишуда бозӣ карданд. Ҳамаи бачаҳо интизоми бозигариро пурра риоя намуданд. Аммо, дар қисми дуюми бозӣ, баъд аз голи якум ба пеш шитофта, бозиро наҷот доданӣ шуда ба хатогиҳо роҳ доданд, ки мунтахаби Урдун барин дастаи соҳибтаҷриба ин гуна хатоҳоро намебахшад.
– Новобаста ба бохт, мунтахаби Тоҷикистон бозии хуб кард ва ҳуҷумҳои пайдарҳами Урдунро боздошт. Шумо чӣ фикр доред, чаро дар қисми дуюм дастаатон муваффақ нвшуд, ки ҳамчун дар ниммаи аввали вохӯрӣ бозӣ кунад?
– Ташаккур! Бозӣ фаромӯш мешавад, аммо натиҷа мемонад. Ҳеҷ кас пагоҳ ба ёд намеорад, ки имрӯз мо чӣ гуна бозӣ кардем – нағз ё бад. Мунтахаби Урдун дастаи муташаккилу пурқувват аст ва бисёр бозии хуб мекунад. Баъд аз зада шудани голи якум ба дарвозаи мо, бачаҳоямон талош карданд, ки ба пеш ҳаракат карда, ҳисобро баробар созанд. Мунтахаби Урдун бошад, бошуурона муҳофизат карда, якбора ба ҳуҷум гузашт ва баъд аз ба хатогиҳои ниҳоят дағал роҳ додани муҳофизони мо, бартарияташро дучанд кард.
Бохт ҳамеша ногувор аст, аммо ба рӯи даста салиб гузоштан лозим нест. То анҷоми марҳилаи интибӣ моро се бозии дигар мондааст. Моҳи ноябр дар Душанбе мунтахаби Бангладешро қабул мекунем ва соли оянда бошад, дар бо Австралия дар сафар ва бо Қирғизистон дар майдони худ бозӣ мекунем. Дар ин бозиҳо моро зарур аст, ки имтиёз ба даст дароварда, мавқеамонро дар ҷадвали гурӯҳ беҳтар созем. Мунтахаби мо ҳоло ҳам иконияти дар гурӯҳ ишғол кардани ҷои сеюмро дорад.