Рӯзи душанбеи 12 октябр, мунтахаби миллии Тоҷикистон дар варзишгоҳи байналмилалии Амман тамрини охирини пеш аз бозии худро бо мунтахаби Урдун гузаронид. Ёдовар мешавем, ки бозӣ рӯзи 13 октябр соати 19.00 ба вақти маҳаллӣ (соати 21.00 ба вақти Душанбе) баргузор мешавад.
Тамрини мунтахаби миллии мо наздики як соат давом карда, дар он ҳамаи бозигаронамон ширкат карданд. Ҳолати бачаҳо хуб аст ва ҳамагӣ ба бозӣ бо Урдун омодаанд.