Иштирокчиёни бозиҳои ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 муайян шуданд. «Сипар»-и Хуҷанд ва «Соро компания»-и Душанбе барои медалҳои тилло рақобат менамоянд.
Дар марҳилаи нимниҳоӣ «Сипар» аз рӯи ду вохӯрӣ бар «Амонатбонк» пирӯз шуд. Дастаи шаҳри Хуҷанд бозии аввалро бо ҳисоби 6:3 ва рақобати дуюмро бо ҳисоби мусовии 5:5 анҷом дод. Дар силсилаи пеналти «Сипар» бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуд.
Дар ҷуфти ниманиҳоии дигар «Соро компания» бар «Истиқлол» ду маротиба – 4:1 ва 3:2 ғолибият ба даст овард.
Ду бозии аввали финали Суперлигаи Тоҷикистон-2025 байни «Сипар» ва «Соро компания» рӯзҳои 27 ва 28 декабр дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
Мувофиқи низомномаи мусобиқа, силсилаи ниҳоӣ то се пирӯзии яке аз дастаҳо идома мекунад.
Футзалбозони дастаҳои «Истиқлол» ва «Амонатбонк» барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Силсилаи ҷойи сеюм то ду ғалабаи яке аз иштирокчиёнро дар бар мегирад.