Гурӯҳи доварони Тоҷикистон бозии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2025/26-ро ҳакамӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Гурӯҳи доварони Тоҷикистон бозии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2025/26-ро ҳакамӣ мекунанд

Гурӯҳи доварони Тоҷикистон таҳти роҳбарии довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2025/26-ро дар гурӯҳи «А» доварӣ мекунанд.

Доварони Тоҷикистон бозии «Ал-Муҳаррақ» (Баҳрайн) ва «Истиқлол» (Эрон)-ро, ки имрӯз 24 декабр дар шаҳри Аради Баҳрайн баргузор мешавад, ҳакамӣ мекунанд.

Ба Гулмуроди Саъдулло ёварони довари ФИФА Акмал Бӯриев ва Фарҳод Куралов дар майдон кӯмак мерасонанд. Довари ФИФА Абдулло Давлатов ҳамчун довари чорум фаъолият менамояд.

Назари худро бинависед