Федератсияи футболи Тоҷикистон созишномаи ҳамкории худро бо ширкати машҳури ҷаҳонӣ «Coca-Cola» то соли 2027 тамдид кард.
Маросими имзои шартнома дар дафтари ширкати «Coca-Cola» воқеъ дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони ВАО ва меҳмонони даъватшуда баргузор гардид. Созишномаро аз номи ФФТ ноиби президенти Федератсия Искандар Ҷалилов ва аз ҷониби шарик директори генералии «Coca-Cola Нӯшокиҳои Тоҷикистон» Бурак Атеш имзо карданд.
Пас аз имзои созишнома, Бурак Атеш қайд кард, ки ширкат аз идомаи шарикии худ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон хурсанд аст. Ӯ изҳор дошт, ки ҳамкории дуҷониба минбаъд низ мутақобилан судманд хоҳанд буд ва ба рушд ва оммавӣ кардани футбол дар Тоҷикистон равона мешаванд.