Конфедератсияи футболи Осиё чор довари Тоҷикистонро барои доварӣ дар мусобиқаҳои футбол ва футзали 33-юмин Бозиҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар Таиланд даъват кардааст.
Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Ҳасан Каримов бозиҳои гурӯҳи «С»-и мусобиқаи футболро, ки дар он Индонезия, Мянмар ва Филиппин иштирок мекунанд, ҳакамӣ мекунанд.
Ёвари довари ФИФА аз Тоҷикистон Дилшода Раҳмонова дар мусобиқаи занонаи Бозиҳо кор мекунад.
Ғайр аз ин, довари ФИФА Суҳроб Сатторов мусобиқаи футзалро дар Таиланд ҳакамӣ мекунад.