Алифбек Беромов барномаи байналмилалии ФИФА-ро дар Ҷакарта бомуваффақият хатм кард – Федерация Футбола Таджикистана

Алифбек Беромов барномаи байналмилалии ФИФА-ро дар Ҷакарта бомуваффақият хатм кард

Мудири шуъбаи таълимии раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва мураббии тими миллии кишвар Алифбек Беромов барномаи «FIFA Coach Educators’ Development Pathway – Assessment Practice Programme»-ро ки дар Ҷакартаи Индонезия баргузор шуд, бо забони англисӣ бомуваффақият хатм кард.

Ин барнома қисми ташаббуси ҷаҳонии ФИФА мебошад, ки ба беҳтар кардани сифат ва стандартизатсияи омоданамоии мураббиён дар саросари ҷаҳон нигаронида шудааст.

Марҳилаи «Assessment Practice» ба рушди салоҳиятҳои асосӣ дар соҳаҳои назорат, таҳлил ва арзёбии объективии кори мураббиён дар шароити воқеии тамринӣ нигаронида шудааст. Хатми бомуваффақияти курс сатҳи баланди касбии Алифбек Беромов ва мутобиқати ӯро ба стандартҳои байналмилалии ФИФА оид ба таълими мураббиён тасдиқ мекунад.

Ташаббуси ФИФА ба тақвияти иқтидори захираҳои инсонии ассотсиатсияҳои миллӣ ва эҷоди системаи муосиру муассири омоданамоии мураббиён нигаронида шудааст.

Назари худро бинависед