Дар Душанбе таҳти сарпарастии ФИФА семинари таълимӣ бо номи «Capacity Building For Administrators» ҷараён дорад. Ҳадафи он рушди салоҳияти касбии заноне мебошад, ки дар соҳаи маъмурияти футбол дар Тоҷикистон кор мекунанд.
Ин барнома намояндагони футболи занонаро аз минтақаҳои гуногуни кишвар, ки дар таҳия ва таблиғи барномаҳои футболи занона фаъолона иштирок мекунанд, муттаҳид менамояд.
Дастурдиҳандаи семинар коршиноси ФИФА Наталия Чебан аз Молдова мебошад, ки таҷрибаи васеъ дар соҳаи менеҷменти варзиш ва футболи бонувонро дорад. Дар ҷараёни семинар ӯ машғулиятҳои интерактивиро бобати малакаи ташкилӣ, идоракунии самаранок, муошират, банақшагирии рушди лоиҳаҳо ва эҷоди барномаҳои устувор барои рушди футболи занона баргузор мекунад.
Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ ширкат карда, аҳамияти ташаббуси ФИФА ва саҳми ин формати омӯзиширо дар тақвияти мавқеи занон дар ҷомеаи футболи Тоҷикистон таъкид намуд.