Имрӯз, 11 октябр, дар Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ бахшида ба гиромидошти хотираи мураббии шоистаи Тоҷикистон Султон Мирзоев, бо ғалабаи наврасони Академияи футболи “Истиқлол”-и пойтахт анҷом ёфт.
Дар бозии финалӣ наврасони Академияи футболи “Истиқлол” бо роҳбарии сармураббӣ Рустам Қурбонов бар ҳамсолонашон аз дастаи “Монтажник”- и шаҳри Тарази Ҷумҳурии Қазоқистон бо ҳисоби 2 бар 0 дастболо шуд.
Дар бозӣ барои ҷои сеюм бошад командаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ) бар мунтахаби наврасони зери 14-солаи Тоҷикистон бо ҳисоби минималии 2 бар 1 пирӯз гашт.
Дарҳол баъд аз анҷоми бозиҳои финалӣ маросими ботантанаи мукофотонӣ ва ҷамъбасти мусобиқа доир шуд.
Кумитаи тадорукотӣ бозигарони беҳтарини мусобиқаро муайян кард. Ба ин тартиб, Максим Негода аз дастаи “ Монтажник”-и Тарази Қазоқистон – беҳтарин дарвозабон, Зариф Музаффаров аз Академияи футболи “Истиқлол”- беҳтарин муҳофиз, Эмомалии Аҳмадҷон аз мунтахаби наврасони зери 14-солаи Тоҷикистон – беҳтарин ниммуҳофизатгар эътироф гардиданд. Унвони беҳтарин ҳамлагар ва нишонзани мусобиқаро бошад Шӯҳрат Султонов аз МҶМОВ бо 10 голи задааш соҳиб шуд.