Мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо Урдун ба Амман расид – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо Урдун ба Амман расид

Мунтахаби миллии Тоҷикистон имрӯз бегоҳӣ, 10 октябр, ба бозии даври шашуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 бо пешсафи гурӯҳи “В”, мунтахаби Урдун ба Амман расид.

Баъд аз бозӣ бо мунтахаби Қирғизистон, ки рӯзи 8 сентябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков баргузор гардида, бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 анҷом ёфт, ҳайати намояндагии тими миллии мо ба хона барнагашта, аз Бишкек тавассути хатсайри ҳавоии Бишкек-Дубай-Амман ба Урдун сафар кард ва хушбахтона дар соати 16.00 ба вақти маҳаллӣ ба хайрият ба Амман расид.

Айни ҳол тими миллии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Гранд Палас” ҷойгир шуда, будубоши худро дар Амман он ҷо мегузаронад. Тамрини аввалини дружинаи Мубин Эргашев дар Амман пагоҳ, 11 октябр, доир хоҳад шуд.

Ҳаминро қайд мекунем, ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон дар бозӣ бо Урдун бо худ 21 нафар бозигаронро ҳамроҳ гирифтаст, ки 3 нафарашон дарвозабон, 7 нафарашон муҳофизатгар, 7 нафарашон ниммуҳофизатгар ва 4 нафарашон ҳамлагар мебошанд. Муҳофизатгари “Газовик”-и Оренбурги Русия  Фарҳод Восиев бо сабаби дар сонияҳои охири бозӣ бо Қирғизитон (2:2) бо корти сурх огоҳонида шуданаш, дар бозӣ бо Урдун иштирок намекунад. Мутаассифона, яке аз бозигарони калидии мунтахаби миллии кишвар ниммуҳофизи марказ Нуриддин Давронов низ бо сабаби дар бозӣ бо қирғизҳо осеб бардоштанаш, наметавонад дар Амман ба даста кӯмак расонад. Барои барқарор шудан Нуриддин Давронов ба як ҳафта зарурат дорад.

Ёдрас месозем, ки бозии даври шашуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Урдуну Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 13 октябр дар варзишгоҳи байналмилалии Амман доир мешавад. Оғози бозӣ соати 19.00 ба вақти маҳаллӣ (соати 21.00 ба вақти Душанбе).

Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон ба бозӣ бо Урдун:

ДарвозабонҳоАлишер Тӯйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳар ду аз «Истиклол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

МуҳофизонДавронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров (ҳама аз «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов («Хуҷанд»), Манучеҳр Ахмедов («Ал-Аҳли», Баҳрайн), Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»);  

НиммуҳофизонХуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев (ҳама аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Фаридун Шарипов, Нозим Бобоҷонов (ҳар ду  аз «Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров (ҳар ду аз «Хуҷанд»).

Ҳайати роҳбарикунанда: Улуғбек Каримов – менеҷер, Мубин Эргашев – сармураббӣ, Роман Пилипчук – мураббии калон, Аслиддин Ҳабибуллоев – мураббии дарвозабонҳо, Никола Лазаревич – мураббии омодагии ҷисмонӣ, Фаррух Авезов – духтур, Эркин Додоҷонов – физиотерапевт, Одил Иргашев – маъмур, Фаридун Солиев – медиа-офитсер.

Добавить комментарий