Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи «Ҷоми Истиқлолияти Индонезия-2025» бозии сеюми худро анҷом дод.
Наврасони мо имрӯз, 18-уми август дар даври ниҳоӣ бо тими наврасони то 16-солаи Ӯзбекистон мусовӣ – 3:3 карданд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Абдулло Иброҳимзода, Меҳрубон Одилзода ва Назрулло Ашӯрализода заданд.
Қаблан дар шаҳри Медан мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо Индонезия мусовӣ (2:2) карда, аз Мали (2:4) шикаст хӯрда буд.
Барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқа дар Индонезия яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2025 мебошад, ки аз 3 то 27 ноябр дар Қатар баргузор мешавад. Дастаи мо дар Давҳа дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина Фасо (11 ноябр) вомехӯрад.