Пас аз ҷамъбасти қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26, қаҳрамони Тоҷикистон, «Истиқлол»-и Душанбе бо бошгоҳи «Ал-Наср», ки дар ҳайати он капитани тими миллии Португалия Криштиану Роналду бозӣ мекунад, дар як гурӯҳ қарор гирифт.
Рақибони «Истиқлол» дар гурӯҳи «D» ба ҷуз аз «Ал-Наср» дастаҳои «Ал-Завраа» (Ироқ) ва «Гоа» (Ҳиндустон) хоҳанд буд.