«Регар-ТадАЗ» баромадро дар Лигаи даъвати КФО-2025/26 идома медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

«Регар-ТадАЗ» баромадро дар Лигаи даъвати КФО-2025/26 идома медиҳад

Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2024, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода натавонист ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 роҳ ёбад ва баромадашро дар Лигаи даъвати КФО идома медиҳад.

Дастаи «Регар-ТадАЗ» дар бозии плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода аз тими «Аҳал»-и Туркманистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Акнун «Регар-ТадАЗ» баромади худро дар сеюмин мусобиқаи бошгоҳии Осиё – Лигаи даъвати КФО-2025/26 идома медиҳад. Рақибони «Регар-ТадАЗ» дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот рӯзи 28 август дар қуръакашӣ маълум мешаванд.

Назари худро бинависед