Намояндагони Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон бо таҷрибаи рушди футболи занона дар Ӯзбекистон шинос шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Намояндагони Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон бо таҷрибаи рушди футболи занона дар Ӯзбекистон шинос шуданд

Намояндагони Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон ба шаҳри Тошканд сафари корӣ анҷом дода, бо таҷрибаи рушди футболи занонаи Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон ошно шуданд.

Дар доираи сафар директори Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон Суҳроб Ашӯров ва мутахассиси пешбари ин лига Ҷалил Қурбонмамадов бо мақсади омӯзиши таҷрибаи рушди футболи занона дар Ӯзбекистон ва ширкати дастаҳои футболи бонувони кишвари ҳамсоя дар мусобиқоти байналмилалӣ аз Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон дидан карданд.

Ҳайати Тоҷикистонро дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Аваз Мақсумов самимона истиқбол намуда, ба меҳмонон барои таваҷҷуҳ ба фаъолияти иттиҳодия изҳори сипос кард ва таҳкими ҳамкориҳоро дар минтақа, бахусус дар оммавӣ гардонидани футболи занона муҳим арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни сафар намояндагони Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон сохтори ташкили мусобиқоти бонувони Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон, низоми омодасозии футболбозони наврас, кор бо ҳайати мураббиён, инчунин низоми иҷозатномадиҳии бошгоҳҳои занонаро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Ин сафар барои табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои федератсияҳои футболи ду кишвар дар самти рушди футболи занона заминаи мусоид фароҳам овард. Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва баррасии имкони татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар оянда изҳор намуданд.

Назари худро бинависед