Рақибони тими миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд.
Тибқи қуръакашӣ дастаи футзали мо ба гурӯҳи «С» шомил шуда, бо мунтахабҳои Ҷопон, Макао ва Камбоҷа нерӯ месанҷад. Бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи мо аз 20 то 24 сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал ҳамагӣ 31 даста ширкат мекунад. Дар натиҷаи қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ: ҳафт гурӯҳ аз чор даста ва як гурӯҳ аз се даста ташкил гардид.
Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27 январ то 7 феврал дар Индонезия баргузор мешавад, роҳ меёбанд.