15 дастаи иштирокчии 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон маълум шуд – Федерация Футбола Таджикистана

15 дастаи иштирокчии 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон маълум шуд

Рӯзи якшанбеи 7 июн дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бозиҳои ҷавобии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуданд. Аз рӯи натоиҷи ин бозиҳо дастаҳои иштирокчии марҳилаи 1/8 ниҳоии мусобиқа маълум шуданд.

Ба даври навбатии Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои “Чашма” (Шаҳритӯс), “Саройкамар” (Панҷ), “Исфара” (Исфара), “Канд” (Конибодом) ва “Помир” (Душанбе) роҳхат гирифтанд. Як финалисти дигар баъди дар ҷуфти “Кӯктош” – “Панҷшер” маълум мешавад.

Ҳаминро қайд мекунем, ки даҳ дастаи лигаи олӣ – «Истиқклол», «Хуҷанд», «Хайр», «Регар-ТадАЗ», «Далерон-Уротеппа», «Равшан», КМВА «Помир», «Вахш», «Барқи тоҷик» ва «Парвоз» аз 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон ба мусобиқа ҳамроҳ мешаванд.

 

Ҷоми Тоҷикистон-2015

Марҳилаи пешакӣ. Давраи якум. Бозиҳои ҷавобӣ

Минтақаи Душанбе

«Чашма» (Шаҳритӯс) – «Ҳулбук» (Восе) – 3:0 (бохти техникӣ)

Бозии якум – 2:0.

 

«Ҳосилот» (Фархор) – «Саройкамар» (Панҷ) – 0:3

Бозии якум – 3:4.

 

«Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Локомотив» (Душанбе) – 4:3

Бозии якум – 2:0.

 

Минтақаи Суғд

МТО (Хуҷанд) – «Исфара» (Исфара) – 2:1

Бозии якум – 0:1.

 

«Канд» (Конибодом) – «Эсхата» (Хуҷанд) – 4:2

Бозии якум – 3:4.

 

Марҳилаи пешакӣДавраи дуюмБозии аввал

Минтақаи Душанбе

10 июн (чоршанбе)

«Кӯктош» – «Панҷшер»

 

Марҳилаи пешакӣ. Давраи дуюм. Бозиии ҷавобӣ

Минтақаи Душанбе

17 июн (чоршанбе)

«Панҷшер» – «Кӯктош»

Добавить комментарий