Сoca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021: Фатҳулло Фатҳуллоев ва Виталий Левченко беҳтаринҳои моҳи август эътироф шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Сoca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021: Фатҳулло Фатҳуллоев ва Виталий Левченко беҳтаринҳои моҳи август эътироф шуданд

Лигаи футболи Тоҷикистон бозиҳои моҳи августии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олиро натиҷагирӣ намуда, беҳтарин мураббӣ ва беҳтарин бозигарро муайян намуд.

Капитани КМВА-и Душанбе Фатҳулло Фатҳуллоев беҳтарин бозигари моҳи гузаштаи чемпионати мамлакат эълон гардид. Дар моҳи август Фатҳулло Фатҳуллоев дар се бозии дастаи худ беҳтарин бозигар эътироф шудааст.

Беҳтарин мураббии моҳи август устоди “Истиқлол”-и Душанбе Виталий Левченко шинохта шуд. Зери роҳбарии Левченко дастаи пойтахт дар ҳафт бозии тақвимӣ ғолибият ба даст овардаст.

Беҳтаринҳои моҳи август низ мисли ҳамтоҳои пешини худ ҳар кадоме аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон бо маблағ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ  мукофотонида мешаванд.

Назари худро бинависед