Рақибони эҳтимолии «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Рақибони эҳтимолии «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 маълум шуданд

Конфедератсияи футболи Осиё таркиби сабадҳоро барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дар минтақаҳои Ғарб ва Шарқ интишор намуд. Қуръакашӣ рӯзи чоршанбеи 27 январ баргузор мешавад.

Мувофиқи натиҷаҳои қуръакашӣ, даҳ гурӯҳи ҳар кадоме иборат аз чор даста ташкил карда мешавад. Даври гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё дар минтақаи Ғарб аз 14 то 30 апрел ва дар минтақаи Шарқ аз 21 апрел то 7 май дар шакли мутамарказ баргузор мешавад.

Қаҳрамони Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанбе имсол дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФо бори авал иштирок менамояд. Дар қуръакши “Истиқлол” дар сабади сеюм ҷойгир аст. Дар ин сабад якҷоя бо қаҳрамони футболи мо дастаҳои “Пахтакор”(Узбекистон), “Ал-Ваҳдат” (Урдун), “Гоа” (Ҳиндустон) ва “Истиқлол” (Эрон) ҷойгиранд. Ин ба он маъност, ки  дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 “Истиқлол” (Тоҷикистон) бо дастаҳои зикршуда бозӣ намекунад.

 

Таркиби сабадҳо ҳангоми қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021:

Минтақаи Ҷанубӣ:

Сабади 1: «Ал-Духайл» (Қатар), «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Персеполис» (Эрон), «Шарҷа» (ИМА), «Ал-Садд» (Қатар).

Сабади 2: «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ), «Трактор» (Эрон), «Шабаб Ал-Аҳли Дубай» (ИМА), «Ал-Райян» (Қатар), «Ал-Аҳли Саудӣ» (Арабистони Саудӣ).

Сабади 3: «Пахтакор» (Узбекистон), «Ал-Ваҳдат» (Урдун), «Гоа» (Ҳиндустон), «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН), «Истиқлол» (Эрон).

Сабади 4: «Ал-Шорта» (Ироқ), ғолиби ҷуфти «Ал-Гарафа» (Қатар) – АГМК (Узбекистон), ғолиби ҷуфти «Ал-Веҳда» (Арабистони Саудӣ) – «Эйр Форс» (Ироқ), ғолиби ҷуфти «Фӯлод» (Эрон) – «Ал-Айн» (ИМА), ғолиби ҷуфти «Ал-Ваҳда» (ИМА) –  «Ал-Завраа» (Ироқ).

 

Минтақаи Шарқ

Сабади 1: «Тсзянсу Сунин» (Чин), «Кавасаки Фронтале» (Ҷопон), «Чонбук Хёндэ Моторс» (Ҷопон), «БГ Патхум Юнайтед» (Таиланд), «Шандун Лунэн» (Чин).

Сабади 2: «Гамба Осака» (Ҷопон), «Улсан Хёндэ» (Куриёи Ҷанубӣ), «Тай Порт» (Таиланд), «Гуанчжоу» (Чин), «Нагоя Грампус» (Ҷопон).

Сабади 3: «Юнайтед Сити» (Филиппин), «Китчи» (Ҳонконг), «Виеттел» (Ветнам), «Ҷаҳор Дарул Тазим» (Малайзия), «Тампинес Роверс» (Сингапур).

Сабади 4: «Сидней» (Австралия), ғолиби ҷуфти «Бэйтсзин» (Чин) – «Брисбен Роар» (Австралия)/«Кайя Илоило» (Филиппин), «Сересо Осака» (Ҷопон) – «Мелбурн Сити» (Австралия)/«Шан Юнайтед» (Мянма), ғолиби ҷуфти «Пхохан Стилерс» (Куриёи Ҷанубӣ) – «Ратчабури» (Таиланд), ғолиби ҷуфти «Тэгу» (Куриёи Ҷанубӣ) – «Чианграй Юнайтед» (Таиланд).

Назари худро бинависед