Намояндагони ФФТ ва ЛФТ таҷрибаомӯзиро дар бозиҳои Лигаи чемпионҳои КФО-2020 дар Қатар мегузаронанд – Федерация Футбола Таджикистана

Намояндагони ФФТ ва ЛФТ таҷрибаомӯзиро дар бозиҳои Лигаи чемпионҳои КФО-2020 дар Қатар мегузаронанд

Дар доираи ёддошти ҳамкорӣ байни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Қатар, муовини сардори Департаменти байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Ҷовидон Ҳасанов ва менеҷери барномаҳо барои FIFA Connect ва AFC CLAS-и Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев дар Доҳаи Қатор таҷрибаомӯзӣ мекунанд.

Намояндагони мо, ки комиссари бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон мебошанд, дар ҳайати кумитаи тадорукоти маҳаллӣ дар бозиҳои минтақаи шарқии Лигаи чемпионҳои КФО-2020 омӯзиш гирифта, таҷрибаи худро сайқал медиҳанд.

Назари худро бинависед