Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ҷамъомади омӯзишиву машқияшро дар Душанбе ҷамъбаст кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ҷамъомади омӯзишиву машқияшро дар Душанбе ҷамъбаст кард

Дастаи мунтахаби наврасони зери 16 соли Тоҷикистон (U-16) бо баргузории бозии сакнҷишӣ ҷамъомади омӯзишиву машқии дуҳафтаинаи худро дар Душанбе ҷамъбаст кард.

Рақиби дастаи наврасонамон дар ин бозии санҷишӣ дастаи “Орзу-2026” -и Академияи футболи ФФТ буд, ки имсол ғолиби лигаи наврасони то 18 соли Тоҷикистон (U-18) гардид.

Бозии санҷишӣ бо ҳисоби калони 6 бар 1 ба фоидаи мунтахаби наврсони зери 16 сол анҷом ёфт. Дар ҳайати дастаи Аҳлиддин Турдиев бозигарон Сунатулло Азизов, Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Аббос Андалебов, Асадбек Ҷӯрабекзода, Абдулло Шарипов ва Қурбоналӣ Муродов ба задани гол муваффақ шуданд. Голи ягонаи тарбиятгирандагони Академияи футболро Сабзалӣ Ҳамроев ба нишон расонд.

Ба ин тартиб, бо ин бозӣ дастаи мунтахаби наврсони зери 16 соли Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишиву машқии ноябрии худро анҷом кард. Ҷамъомади навбатии даста дар моҳи декабр ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё байни наврасон, ки ба соли дигар гузаронида шуд, дастаи мунтахаби наврасони зери 16 соли Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” баромад мекунад. Рақибони наврасони мо дар гурӯҳ мунтахабҳои наврсони Уммон, Яман ва АМА мебошанд. Муҳлати дақиқи баргузории ин мусобиқа ҳоло муайян нашудааст.

Назари худро бинависед