Маэстрои футболи тоҷик – Шариф Назаров 75 сола шуданд! – Федерация Футбола Таджикистана

Маэстрои футболи тоҷик – Шариф Назаров 75 сола шуданд!

Имрӯз, 23 феврал, устоди устодони футболи ватанӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон – Шариф Назаров 75 сола шуданд.

Номи Шариф Назаров дар саҳифаи варзиши тоҷик бо ҳуруфи заррин дарҷ гардидаст. Шариф Назаров соҳиби унвонҳои ифтихории Мураббии шоистаи ИҶШС ва Тоҷикистон мебошад. Ӯ аз вазифаи маъмури даста то сармураббигӣ фаъолият намудаст. Давоми фаъолияти пурбаракати худ Шариф Назаров бо шумораи зиёди мураббиён, аз ҷумла Ларин, Алескеров, Секеч, Сёмин ва дигарон ҳамкорӣ кардааст, ки ҳар кадоми онҳо дар муваффақияти дастаи шӯҳратёри “Помир” саҳми арзандаи худро гузоштанд. Бо роҳбарии Шариф Назаров “Помир” соли 1988 соҳиби роҳхат ба лигаи олии ИҶШС шуд.

Дар ҷодаи мураббигӣ Шариф Назаров унвону ҷоизаҳои бешумореро соҳиб шудааст. Ӯ қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон мебошад. Соли 2006 зери роҳбарии Шариф Назаров дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ғолиби Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё шуд, ки айни замон ягона ҷоизаи тими миллиямон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон устод Шариф Назаровро ба муносибати 75 солагияшон сидқану самимона муборакбод менамояд. Ба устод тани сиҳат, умри дароз, тинҷиву осудагӣ ва барору муваффақиятро таманно дорем. Орзуманди онем, ки дар ҳалқаи шахсони бовариноку дӯстдоштаи худ, ҳамеша хурраму хушбахту дилшод бошанд!

Назари худро бинависед