Маҳмадҷон Ҳабибуллоев сармураббии «Кӯктош» таъин шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев сармураббии «Кӯктош» таъин шуд

Дар чемпионати Тоҷикистон аввалин истеъфои мураббигӣ рух дод. Яке аз мураббиёни серунвони кишвар Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар вазифаи сармураббии дастаи футболи “Кӯктош” Раҳматулло Фузайловро иваз кард.

Раҳматулло Фузайлов бинобар натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста истеъфо дод. Пас аз ҳашт даври мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, «Кӯктош» бо 9 имтиёз дар зинаи ҳафтум ҷойгир аст.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоеви 55-сола, ки бо дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш маротиба дар чемпионати Тоҷикистон медали тилло ба даст овардааст, сармураббии нави “Кӯктош” таъин шудааст. Ба ғайр аз дастаи “Регар-ТадАЗ”, Ҳабибуллоев дар клубҳои футболи “Далерон-Уротеппа” (Истаравшан), “Равшан” (Кӯлоб) ва “Ҳосилот” (Фархор) фаъолият намудаст. Илова бар ин, дар як вақт ӯ тими миллӣ ва дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро низ роҳбарӣ мекард. Вақтҳои охир, мутахассиси 55-сола ҳамчун коршиноси шабакаи телевизионии “Варзиш” кор мекард.

Бозии аввалини худро дар вазифаи сармураббии “Кӯктош” Маҳмадҷон Ҳабибуллоев рӯзи шанбеи 11 июл хоҳад гузаронд. Дар ин рӯз дастаи футболи ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ “Файзканд”-и Восеъро қабул мекунад.

Назари худро бинависед