Лигаи якуми Тоҷикистон-2020: «Равшан» – соҳиби медалҳои тилло, «Эсхата» – ҷоизадори медалҳои нуқра ва «Панҷшер» – барандаи медалҳои биринҷӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи якуми Тоҷикистон-2020: «Равшан» – соҳиби медалҳои тилло, «Эсхата» – ҷоизадори медалҳои нуқра ва «Панҷшер» – барандаи медалҳои биринҷӣ

Мусобиқа байни дастаҳои Лигаи якуми Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябр бо баргузории бозиҳои даври 22-юм ба поён расид. Ҷоизадори медалҳои биринҷии мусобиқа дар даври охирин маълум гардид.

Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ки дар меҳмонӣ бар тими «Шоҳмансур»-и Душанбе бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад, бо касби 41 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро соҳиб шуда, ҷоиадори  медалҳои биринҷӣ гардид.

Медалҳои тилло ва унвони чемпиониро дар Лигаи якуми мамлакат дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб, як давр пеш аз анҷоми мусобиқа соҳиб шуда, инчунин ҳуқуқи сол 2021 дар Лигаи олӣ иштирок намуданро низ ба даст оварда буд.

“Равшан” дар бозии даври 22-юм дар меҳмонӣ аз тими “Саройкамар”-и Панҷ бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд. Вале ин бохт мавқеи футболбозони Кӯлобро дар ҷадвали мусобиқа тағйир надод. “Равшан”, ки дар 22 бозӣ 51 имтиёз гирифтааст, дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи аввал қарор гирифт.

Дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд, ки бо касби 49 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми дувумро касб намуд, бо медалҳои нуқра мукофотонида мешавад. “Эсхата” низ соҳиби роҳхат ба лигаи олӣ гардидааст. Футболбозони Хуҷанд дар даври охирин дар меҳмонӣ тими “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдатро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд.

Ҳамлагари «Ҳулбук»-и Восеъ Аваз Қамчинов, ки ба дарвозаи ҳарифонаш 30 тӯб задааст, беҳтарин голзани Лигаи якуми Тоҷикистон шуд.

 

  Б Ғ М Б Т И
1 «Равшан» (Кӯлоб) 22 17 0 5 72-38 51
2 «Эсхата» (Хуҷанд) 22 16 1 5 59-32 49
3 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 22 12 5 5 63-27 41
4 «Равшан» (Зафаробод) 22 11 6 5 47-28 39
5 «Ҳулбук» (Восеъ) 22 11 3 8 42-36 36
6 «Моҳир» (Ёвон) 22 9 4 9 50-63 31
7 «Ҳосилот» (Фархор) 22 9 3 10 38-39 30
8 «Барқчӣ» (Ҳисор) 22 9 1 12 40-39 28
9 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 22 7 5 10 48-40 26
10 «Саройкамар» (Панҷ) 22 7 5 10 42-49 26
11 «Исфара» (Исфара) 22 6 1 15 30-63 19
12 «Шоҳмансур» (Душанбе) 22 0 2 20 13-90 2

 

НишонзанҳоАваз Қамчинов («Ҳулбук») – 30 гол, Мубинҷон Муминов («Эсхата»), Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 21 голӣАкмалҷон Авазов («Саройкамар»), Бахтиёр Зарипов («Равшан») – 15 голӣ.

Назари худро бинависед