Лигаи якуми Тоҷикистон-2020: «Эсхата» – як қадам то лигаи олӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи якуми Тоҷикистон-2020: «Эсхата» – як қадам то лигаи олӣ

Дастаи футболи «Эсхата»-и Хуҷандро барои баромадан ба лигаи олии Тоҷикистон-2021 ҳамагӣ як қадами дигар мондаст.  Барои соли оянда дар элитаи футболи кишвар баромад намудан, “бонкдорон”-ро дар се бозии боқимонда, ба даст овардани ҳамагӣ як имтиёз кифо мекунад. Ҳарифони “Эсхата” дар ин се бозии боқимонда, дастаҳои “Шоҳмансур”-и Душанбе, “Ваҳдат”-и Ваҳдат ва “Равшан”-и Кӯлоб мебошанд.

 

Мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон. Даври 20-ум

«Шоҳмансур» – «Ҳосилот» – 1:4

Голҳо: Хайрулло Азизов, 10 (0:1). Нурулло Маҳмудов, 31 – аз пеналти (0:2). Комрон Салимов, 35 (0:3). Амриддин Раҳимов, 43 (1:3). Хайрулло Азизов, 77 (1:4).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Хайрулло Азизов («Ҳосилот»).

 

«Ваҳдат» – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:2

Голҳо: Ҳасан Рустамов, 12 (0:1). Наврӯз Рустамов, 67 (0:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҳасан Рустамов («Равшан» Кӯлоб).

 

«Ҳулбук» – «Барқчӣ» – 1:0

Гол: Аваз Қамчинов, 45 – аз пеналти.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Аваз Қамчинов («Ҳулбук»).

 

«Саройкамар» – «Моҳир» – 2:2

Голҳо: Акмалҷон Авазов, 42 (1:0). Соҳибҷон Ваҳобов, 51 (2:0). Ҳоҷиакбар Холмуродов, 53 (2:1). Дилшод Тағоев, 86 (2:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Баҳровар Ҳалимов («Моҳир»).

 

«Равшан» (Зафаробод) – «Панҷшер» – 3:0

Голҳо: Бахтиёр Зарипов, 19 (1:0). Бахтиёр Зарипов, 29 (2:0). Хурсандмурод Ҷумаев, 43 – аз пеналти (3:0).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Бахтиёр Зарипов («Равшан» Зафаробод).

 

«Исфара» – «Эсхата» – 1:4

Голҳо: Ҷӯрабой Исоев, 13 (0:1). Мубинҷон Муминов, 22 (0:2). Мубинҷон Муминов, 35 – аз пеналти (0:3). Ҷӯрабой Исоев, 68 (0:4). Сӯҳробҷон Сабуров, 76 (1:4).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Мубинҷон Муминов («Эсхата»).

 

 

  Б Ғ М Б Т И
1 «Равшан» (Кӯлоб) 19 16 0 3 68-31 48
2 «Эсхата» (Хуҷанд) 19 13 1 5 51-31 40
3 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 20 10 5 5 49-26 35
4 «Равшан» (Зафаробод) 20 10 5 5 41-25 35
5 «Ҳлбук» (Восеъ) 20 10 3 7 37-31 33
6 «Ҳосилот» (Фархор) 20 8 3 9 35-36 27
7 «Моҳир» (Ёвон) 20 8 3 9 46-60 27
8 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 20 7 5 8 47-36 26
9 «Барқчӣ» (Ҳисор) 20 8 1 11 36-38 25
10 «Саройкамар» (Панҷ) 20 6 5 9 40-45 23
11 «Исфара» (Исфара) 20 6 1 13 29-50 19
12 «Шоҳмансур» (Душанбе) 20 0 2 18 13-83 2

 

Нишонзанҳо: Аваз Қамчинов («Ҳулбук») – 26 гол, Мубинҷон Муминов («Эсхата») – 20 гол, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 18 голӣ, Насим Маматқулов («Панҷшер»), Акмалҷон Авазов («Саройкамар») – 13 голӣ, Соҳибҷон Ваҳобов («Саройкамар») – 12 гол, Абдухалил Боронов («Панҷшер») – 11 гол.

Назари худро бинависед