Лигаи наврасони то 18 солаи Тоҷикистон шурӯъ шуд! – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи наврасони то 18 солаи Тоҷикистон шурӯъ шуд!

Рӯзи чоршанбеи 24 июн, бо баргузории чор бозӣ Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон мусобиқаро байни дастаҳои футболи наврасони то 18 сола оғоз бахшид.

Дар даври ифтитоҳӣ чемпиони амалкунандаи Лигаи мазкур “Хатлон”-и Бохтар дар майдони худ аз “Ашт”-и Ашт бо щисоби калони 4 бар 0 шикаст хӯрд. Наврасони “Равшан” дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бар ҳамсолони худ аз “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 3 бар 1 дастболо шуданд.  Дар ин давр наврасони КМВА-и Душанбе низ дар майдони худ ба муваффақият ноил гаштанд. Мудофиачиёни наврас бо ҳисоби 3 бар 2 бар дастаи Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ (ММВЗО)-и пойтахт дастболо шуданд. Инчунин, дар ин давр футболбозони навраси “Хуҷанд” ба дарвозаи дастаи МҶМОВ 3 голи беҷавоб заданд.

Даври навбатии мусобиқа рӯзи 30 июн баргузор мешавад.

Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи аввали мусобиқа, ки аз ду қисм иборат аст, дастаҳо дар хонаи худ ва дар майдони ҳариф бо ҳам вомехӯранд. Баъдан, чор дастаи ҷойҳои аввали ҷадвали мусобиқа ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта, боз ба тартиби болозикр дар ду қисм ба ҳам рақобат мекунанд.

Мусобиқаи қарамонӣ байни дастаҳои футболи наврасони то 18 солаи Тоҷикистон бо дастгирии Ассотсиатсияи футболи Ҷопон мегузарад.

 

Лигаи наврсони Тоҷикистон (U-18). Даври 1-ум

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ» – 3:1

ММВЗО – КМВА ВМ ҶТ – 2:3

«Хатлон» – «Ашт» – 0:4

«Хуҷанд» – МҶМОВ – 3:0

 

Дар даври дуюм вомехӯранд:

30 июн (сешанбе)

«Ашт» – «Хуҷанд»

КМВА ВМ ҶТ – «Хатлон»

«Регар-ТадАЗ» – ММВЗО

«Орзу-2026» – «Равшан»

Назари худро бинависед