Лигаи чемпионҳои КФО-2021: бохти «Истиқлол» аз «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи чемпионҳои КФО-2021: бохти «Истиқлол» аз «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ

Чемпиони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 дар гурӯҳи “А” аз ғолиби секаратаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё, дастаи футболи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб шуд.

Голи ягонаи дастаи моро муҳофизатгар Ваҳдат Ҳанонов дар дақиқаи 41-уми бозӣ ба нишон зад.

Дар даври чоруми мурҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 “Истиқлол” ва “Ал-Ҳилол” боз бо ҳам рақобат мекунанд. Ин бозӣ рӯзи шанбеи 24-уми апрел дар Риёз баргузор хоҳад шуд.

 

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 3-юм

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 3:1

Голҳо: Али Ал-Булайхи, 39 (1:0). Ваҳдат Ҳанонов, 41 (1:1). Хаттан Бахебри, 52 (2:1). Хаттан Бахебри, 64 (3:1).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мищенко, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Аҳтам Назаров (Муҳаммадҷон Раҳимов, 46), Нуриддин Давронов (Хуршед Ҷӯраев, 68), Шаҳром Сулаймонов (Шарифбек Раҳматов, 88), Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 68), Манучеҳр Ҷалилов (Салам Ашурмамадов, 88).

21 апрел. Риёз. Варзишгоҳи Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд.

 

АГМК (Узбекистон) – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – 2:1

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) 3 2 1 0 7-3 7
2 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) 3 1 1 1 4-5 4
2 АГМК (Узбекистон) 3 1 1 1 6-6 4
4 «Шубоб Ал-Аҳли» (АМА) 3 0 1 2 1-4 1

 

Тақвими бозиҳои боқимонда

Даври 4-ум

24 апрел (шанбе)

22:00 – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ). Ар-Риёз, варзишгоҳи Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд

22:00 – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – АГМК (Узбекистон). Ар-Риёз, Варзишгоҳи байналмилалии ба ном Шоҳ Фаҳд

 

Даври 5-ум

27 апрел (сешанбе)

22:00 – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН). Ар-Риёз, Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд

22:00 – АГМК (Узбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ). Ар-Риёз, варзишгоҳи Шоҳзода Фейсал Бин Фаҳд

 

Даври 6-ум

30 апрел (ҷумъа)

22:00 – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – АГМК (Узбекистон). Ар-Риёз, Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд

22:00 – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА). Ар-Риёз, варзишгоҳи Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Арабистони Саудӣ

Назари худро бинависед