Кумитаи доварони ФФТ: пеналтии ба дарвозаи «Хатлон» таъиншуда дуруст буд – Федерация Футбола Таджикистана

Кумитаи доварони ФФТ: пеналтии ба дарвозаи «Хатлон» таъиншуда дуруст буд

Дирӯз, 21 апрел, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи доварон баргузор гардида, дар он шикояти дастаи “Хатлон” дар бораи ду қарори қабулнамудаи сардовари вохӯрӣ Насрулло Кабиров – аз майдон хориҷ кардани ниммуҳофизи “Хатлон” Умарҷон Шарипов дар дақиқаи 89-ум ва таъин намудани ҷаримаи ёздаҳметра ё худ пеналти ба дарвозаи “Хатлон” дар вақти изофии вохӯрӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Пас аз баррасии навори видеои бозӣ Кумитаи доварони ФФТ тасмим гирифт, ки ҷаримаи ёздаҳметра ё худ пеналтии ба дарвозаи дастаи “Хатлон” таъинамудаи сардовар Насрулло Кабиров аз рӯи қоидаҳои футбол дуруст буд. Дар ин ҳолат дарвозабони “Хатлон” Куайе Годсон дар дохили ҷаримагоҳ муқобили ҳамлагари “Истиқлол” қоидаи бозиро вайрон кард.

Дар мавриди ҳолати дуюм бошад, Кумитаи доварон қарор кард, ки сардовар дар дақиқаи 80-ум  ба иштибоҳ роҳ дод ва нодуруст ба ниммуҳофизи “Хатлон” корти дуюми зардро нишон дода, ӯро аз бозӣ хориҷ намуд.

Ба ин тартиб, Кумитаи доварони ФФТ ба Кумитаи назорат ва интизом пешниҳод намуд, то корти сурх (корти дуюми зард) –ро, ки сардовари бозии “Истиқлол” – “Хатлон” (2:2) Насрулло Кабиров тавассути он бозингари “Хатлон” Умарҷон Шариповро аз майдон хориҷ кард, бекор созад.

Ба ғайр аз ин, Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон довар Насрулло Кабировро барои нодуруст нишон додани корти сурх (корти дуюми зард) ба бозингари “Хатлон” ва аз майдон хориҷ кардани ӯ, аз доварии бозиҳои ду даври навбатии чемпионати Тоҷикистон барканор намуд.

Назари худро бинависед