Конгресси панҷуми Cозмони футболи Осиёи Марказӣ онлайн баргузор гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Конгресси панҷуми Cозмони футболи Осиёи Марказӣ онлайн баргузор гардид

Бори аввал Конгресси Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо сабаби пандемияи глобалии COVID-19 онлайн баргузор гардид. Дар он ҳамаи аъзои CAFA ширкат варзиданд.

Котиби генералии Созмони футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов дар бораи фаъолияти CAFA аз Конгресси қаблӣ ҳисобот дод.

Конгресси онлайн Оинномаи нави Созмони футболи Осиёи Марказӣ ва инчунин буҷаи соли 2021-ро тасдиқ кард.

Ёдрас мешавем, ки бо сабаби пандемияи COVID-19, имсол ягон мусобиқаи CAFA баргузор нашуд. Аммо, роҳбарияти Созмони футболи Осиёи Марказӣ изҳори умедворӣ кард, ки соли оянда, пас аз беҳбуди вазъи эпидемиологӣ ва барқароршавии ҳаракати ҳавоӣ байни кишварҳо, мусобиқаҳо таҳти сарпарастии CAFA баргузор мешаванд.

Назари худро бинависед