Комрон Турсунов дар бозии якуми худ дар ҳайати дастаи «ТРАУ» ба задани гол муваффақ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Комрон Турсунов дар бозии якуми худ дар ҳайати дастаи «ТРАУ» ба задани гол муваффақ шуд

Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Комрон Турсунов бозии аввалини худро дар клуби “ТРАУ” дар дивизиони якуми Ҳиндустон анҷом дод.

Дар даври аввали мавсими нави дивизиони якуми Ҳиндустон дастаи футболи  Комрон Турсунов дар меҳмонӣ бо дастаи “Реал Кашмир” бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ бозӣ кард. Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон муаллифи голи ягонаи “ТРАУ” гардид. Комрон дар сонияи даҳуми вохӯрӣ ба задани гол муваффақ шуд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Турсунов дар дастаи “Моҳун Баган” бозӣ мекард ва дар мависми соли гузашта, дастаи ӯ қаҳрамони дивизиони якуми қаҳрамонии Ҳиндустон шуд.

Назари худро бинависед