«Истиқлол» баромади худро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 сазовор аноҷом кард – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» баромади худро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 сазовор аноҷом кард

Қаҳрамонии феълии футболи кишвар “Истиқлол”-и Душанбе баромадашро дар бонуфузтарин мусобиқаи бошгоҳии осиёӣ – Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 сазовор анҷом кард. Дастаи мо дар марҳилаи 1/8 ниҳоии мусобиқа аз “Персеполис”-и Эрон бо ҳисоби минималии 0:1 мағлуб шуд.

Бозӣ рӯзи сешанбеи 14-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳухури бештар аз 17 ҳазор тамошобин баргузор гашт. Голи ягона ва ғолибиро дар дақиқаи 90-уми вохӯрӣ Маҳдӣ Торобӣ зад.

 

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021

1/8 финал

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Персеполис» (Эрон) – 0:1

Гол: Маҳдӣ Тораби, 90.

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Муҳриддин Ҳасанов, Манучеҳр Сафаров, Алексей Ларин, Ваҳдат Ханонов, Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров (Шервони Мабатшоев, 88), Амирбек Ҷӯрабоев, Алишер Ҷалилов, Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шудандМанучеҳр Сафаров («Истиқлол»), Фаршад Фараҷӣ, Милод Сарлак («Персеполис»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Маҳди Торабӣ («Персеполис»).

14 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 17 200 тамошобин.

Назари худро бинависед