«Истаравшан», «Локомотив-Помир» ва «Равшан» ба даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромаданд – Федерация Футбола Таджикистана

«Истаравшан», «Локомотив-Помир» ва «Равшан» ба даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромаданд

Ба думболи дастаҳои «Кӯктош», «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» дастаҳои футболи «Истаравшан», «Локомотив-Помир» ва «Равшан»-и Кӯлоб ба бозиҳои марҳилаи 1/4 финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд. Боз ду дастаи иштирокчии ин марҳилаи Ҷоми миллӣ имрӯз маълум хоҳад шуд.

Дар марҳилаи 1/8 финали мусобиқа «Истаравшан» дар майдони худ бар КМВА бо ҳисоби 3:1 дастболо шуд. Дар ҳайати дастаи ғолиб Илҳом Баротов, ки ба задани ду гол муваффақ гашт беҳтарин бозигар эътироф шуд.

«Локомотив-Помир»-и Душанбе ба шарофати ду голи задаи Ислом Зоиров «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.

Дар бозии дигар пешсафи лигаи якуми Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 3 бар 2 “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро шикаст дод.

Ду бозии дигари марҳилаи 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон имрӯз, баргузор мешаванд ва дар онҳо “Равшан”-и Зафаробод дар майдони худ бо «Эсхата»-и Хуҷанд ва «Истиқлол»-и Душанбе дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо «Моҳир»-и Ёвон рацобат мекунанд.

 

Ҷоми Тоҷикистон-2020

1/8 финал

«Истаравшан» – КМВА – 3:1

Голҳо: Азизҷон Шамсиев, 23 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Илҳом Баротов, 57 – аз пеналти (1:1). Илҳом Баротов, 99 (2:1). Отабек Каримов, 111 (3:1).

«Истаравшан» (Истаравшан): Беҳрӯз Хайриев, Насим Расулов, Фаридун Деҳқонов, Зуфарҷон Акбаралиев, Саиддостон Фозилов, Қаҳрамон Ҳомидов (Бахтиёр Абдураҳмонов, 59), Азизҷон Шамсиев (Салам Ашурмамадов, 59), Абдураҳмон Қурбонов (Абдуқаҳор Қодиров, 85), Отабек Каримов (Асадбек Зиёзода, 115), Диловар Бойкузиев (Набиҷон Раупов, 115), Илҳом Баротов.

КМВА (Душанбе): Иван Пономаренко, Алиҷон Кароматуллозода, Бахтиёр Қаландаров, Комрони Мирзохон, Сӯҳроб Ҷалилов, Билол Сулаймонов, Фирӯз Бобиев (Мунир Давлатбеков, 80), Нодирбек Ибрагимов (Дилшод Восиев, 78), Шервони Мабатшоев, Артем Гайдаш (Исломҷон Усмонов, 111), Шодибек Ғаффоров.

Огоҳонида шуданд: Азизҷон Шамсиев, Отабек Каримов, Зуфарҷон Акбаралиев, Саиддостон Фозилов, Сӯҳроб Нортоджев («Истаравшан»), Комрони Мирзохон, Иван Пономаренко, Сӯҳроб Ҷалилов, Шодибек Ғаффоров (КМВА).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣИлҳом Баротов («Истаравшан»).

СардоварНасрулло Кабиров (Норак).

Нозири доваронСафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон).

Комиссари бозӣҶовидон Ҳасанов (Душанбе).

2 август. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

 

«Равшан» (Кӯлоб) – «Панҷшер» – 3:2

ГолҳоСаидамири Саидаҳмад, 34 (1:0). Шодӣ Муродов, 44 (2:0). Насим Маматқулов, 67 (2:1). Баҳриддин Юсупов, 74 (2:2). Далер Шомуродов, 97 – аз пеналти (3:2).

«Равшан» (Кӯлоб): Рустам Ризоев, Ҳасан Рустамов, Далер Шомуродов, Саидамири Саидаҳмад, Довуд Розиқов (Музаффар Назаров, 46), Саидхони Амрохон (Артур Шабрин, 46, Некрӯз Салимзода, 78), Амирҷон Фаррухзод, Абдураҳмон Нозимов, Сафаралӣ Каримов, Далер Чолов (Умед Бадалов, 46), Шодӣ Муродов (Зокир Абдулхайров, 46).

«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ): Шоҳин Ҷалилов, Хушвахт Миров, Абдулатиф Тоҷиахмедов, Искандар Маматкулов, Парвиз Саидмуродов, Қиматшо Муминшоев, Насим Маматқулов (Рустам Назаров, 104), Сорбон Қурбонов (Маҳмуд Ғаюров, 56), Қурбоналӣ Сайфиддинов, Сӯҳроб Ҳакимов, Баҳриддин Юсупов (Хуршед Умуров, 104).

Огоҳонида шудандҲасан Рустамов, Зокир Абдулхайров («Равшан»), Шоҳин Ҷалилов, Хушвахт Миров, Қиматшо Муминшоев, Парвиз Саидмуродов («Панҷшер»).

Аз майдон хориҷ шудандСаидамири Саидаҳмад («Равшан»), 53 – коти 2-юми зард, Абдулатиф Тоҷиахмедов («Панҷшер»), 120+1 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣДалер Шомуродов («Равшан»).

СардоварХуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Нозири доваронМустафо Исломов (Восеъ).

Комиссари бозӣНуралӣ Хоркашев (Душанбе).

2 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

 

«Барқчӣ» – «Локомотив-Помир» – 1:2

ГолҳоИслом Зоиров, 19 (0:1). Ислом Зоиров, 64 (0:2). Зуҳриддин Фузайлов, 70 (1:2).

«Барқчӣ» (Ҳисор): Муҳаммадраби Рахматуллоев, Муҳаммадҷон Ризомов, Султоншо Мирзоев, Зуҳриддин Фузайлов, Фирӯзҷон Бобоназаров (Умедҷон Рамазонов, 46), Алишер Раҳимов, Шерзод Дадабоев, Ҳамзаҷон Аҳтамов (Ҳикматулло Исмоилов, 46), Умедҷон Холиқов, Ҳакимҷон Ҳасанов (Исфандиёр Бобокалонов, 74), Файзиддин Назаров (Абдуллоҷони Қурбоналӣ, 82).

«Локомотив-Помир» (Душанбе): Самандар Каримов, Сиёвуш Асроров, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммад Саломзода, Эмомалӣ Аҳмадхон (Шарифбек Раҳматов, 46), Шӯҳрат Элмуродов, Ислом Зоиров, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов (Азизбек Ҳасанов, 46), Шаҳром Сулаймонов, Нидоёр Забиров (Парвиз Ҳоҷиев, 46).

Огоҳонида шуданд: Ҳикматулло Исмоилов («Барқчӣ»), Манучеҳр Сафаров, Шарифбек Рахматов («Локомотив-Памир»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣИслом Зоиров («Локомотив-Помир»).

СардоварАмирҷон Хоркашев (Душанбе).

Нозири доваронЮсуф Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣШавкат Ахмедов (Душанбе).

2 август. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.

Назари худро бинависед