Илҳомҷон Баротов – беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2020! – Федерация Футбола Таджикистана

Илҳомҷон Баротов – беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2020!

Капитани 30-солаи “Истаравшан” ва нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Илҳомҷон Баротов беҳтарин футболбози кишвар дар соли 2020 шинохта шуд.

Маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар он барандагони ҷоизаҳои инфиродӣ дар охири соли 2020 муайян карда шуданд, рӯзи 28 декабр баргузор шуд. Дар охири мавсими футболи 2020 ғолибони лигаҳои наврасону бонувон, чемпионатҳои футзал ва собиқадорон, лигаҳои якум ва олии Тоҷикистон, инчунин ғолибон дар дигар номинаҳо мукофотонида шуданд.

Ёдрас мешавем, ки бинобар пандемияи COVID-19, маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2020 дар шакли телевизионӣ бе иштироки меҳмонон баргузор гардид.

Ба ҷуз аз капитани “Истаравшан” Илҳомҷон Баротов, собиқ нимҳимоятгари “Истиқлол”-и Душанбе Эҳсони Паншанбе ва собиқ бозигари “Хуҷанд”-и Хуҷанд Фатҳулло Фатҳуллоев барои унвони беҳтарин бозигари сол муддаӣ буданд. Дар натиҷа Илҳомҷон Баротови 30-сола, ки беҳтарин голзани чемпионати Тоҷикистон-2020 гардид, дар ин номина беҳтарин эътироф шуд. Инчунин, Баротов беҳтарин ҳамлагари мавсими соли сипаришуда эътироф гардид.

Рустам Ятимов («Истиқлол») беҳтарин дарвозабони чемпионати Тоҷикистон-2020 дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин ҳимоятгарро Фирдавс Чақалов («Хуҷанд») гирифт. Алишер Ҷалилов («Истиқлол») беҳтарин нимҳимоятгар эътироф гашт. Ҷоизаи беҳтарин мураббӣ ба сармураббии “Истиқлол” Виталий Левченко супурда шуд. Ҷоизаи довари беҳтарини солро Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) азони худ кард. Ҷоизаи беҳтарин легионере, ки дар чмпионати Тоҷикистон бозӣ мекунад, насиби Алексей Ларини украинӣ шуд.

 

Ҳамаи ҷоизадорони мавсими футболи соли 2020-и Тоҷикистон:

Лигаи наврасони «Пешсаф» (U-15)

Беҳтарин бозигар – Ҳайдаршо Худойдодов («Суғд»)

Нишонзани беҳтарин – Диловар Азизов («Равшан»)

Беҳтарин мураббӣ – Фаридун Рустамов («Равшан»)

 

Лигаи футболи наврасони «Пешсаф» (U-17)

Беҳтарин бозигар – Абубакр Сулаймонов (МҶМОВ-2)

Нишонзани беҳтарин – Далер Махатов («Ҷавонӣ», Ҷаббор Расулов)

Мураббии беҳтарин – Сафаралӣ Раҳмонов (МҶМОВ-2)

 

Лигаи наврсони (U-18)

Беҳтарин бозигар – Кароматулло Боронов («Орзу-2026»)

Беҳтарин нишонзан – Абдулло Шарипов (МҶМОВ)

Мураббии беҳтарин – Рустам Қурбонов («Орзу-2026»)

 

Лигаи бонувон

Беҳтарин дарвозабон – Сайёра Саидова («Зебонисо»)

Беҳтарин нишонзан – Лайло Ҳалимова («Хатлон»)

Беҳтарин бозигар – Рафина Нормуратова («Бешкент»)

Беҳтарин мураббӣ – Зебо Гасимова («Зебонисо»)

 

Лигаи касбии футзал

Беҳтарин дарвозабон – Фирӯз Бекмуродов («Сипар»)

Беҳтарин муҳофизатгар – Дилшод Саломов («Сипар»)

Беҳтарин бозигари канорӣ – Самандар Ризомов («Муҳоҷир»)

Беҳтарин бозигари универсалӣ – Вахтанг Кекелия («Соро компания»)

Беҳтарин пивот – Некрӯз Алимаҳмадов («Соро компания»)

Беҳтарин бозигар – Дилшод Саломов («Сипар»)

Беҳтарин мураббӣ – Евгений Осинтсев («Сипар»)

 

Мусобиқа байни собиқадорон

Беҳтарин бозигар – Насим Давлатов («Равшан»)

Беҳтарин нишонзан – ШуҷоатНеъматов («Рамис-Испечак»)

Беҳтарин мураббӣ – Ориф Маҳмудов («Ҳосилот»)

 

Мусобиқа байни дастаҳои лигаи якум

Беҳтарин бозигар – Аваз Қамчинов («Ҳулбук»)

Беҳтарин мураббӣ – Ғайраталӣ Мираҳмадов («Равшан»)

 

Мусобиқа байни ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ

Беҳтарин бозигар – Парвиз Алиев («Хуҷанд»)

Беҳтарин мураббӣ – Аҳлиддин Турдиев («Локомотив-Помир»)

 

Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ

Беҳтарин дарвозабон – Рустам Ятимов («Истиқлол»)

Беҳтарин муҳофизатгар – Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»)

Беҳтарин ниммуҳофизатгар – Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)

Беҳтарин ҳамлагар – Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)

Беҳтарин легионер – Алексей Ларин («Истиқлол»)

Беҳтарин мураббӣ – Виталий Левченко («Истиқлол»)

Беҳтарин довар – Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)

Беҳтарин бозигари сол – ИлҳомҷонБаротов («Истаравшан»)

Назари худро бинависед