Гуландом Халилова дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 байни мунтахабҳои бонувон фаъолият мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Гуландом Халилова дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 байни мунтахабҳои бонувон фаъолият мекунад

Духтури дастаҳои мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон Гуландом Халилова ба ҳайси медикал-офитсер дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 байни мунтахабҳои футболи занона фаъолият хоҳад кард.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқаи мазкур аз 20 январ то 6 феврал дар Мумбайи Ҳиндустон баргузор мешавад. Дар ин марҳилаи мусобиқа 12 дастаи иштирокчӣ ба се гурӯҳ тақсим шудаанд.

Дар гурӯҳи «А» мунтахабҳои футболи бонувони Ҳиндустон, Чин, Тайбэйи Чин, Эрон, дар гурӯҳи «В» Австралия, Таиланд, Филиппин, Индонезия ва дар гурӯҳи «С» Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам ва Мянма баромад мекунад.

Қобили зикр аст, ки Гуландом Халилова дар гузашта, дар бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми КФО, инчунин дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби занона ба ҳайси корманди тиббии Конфедератсияи футболи Осиё кор кардааст.

Назари худро бинависед