Футболбоз ва мураббии маъруфи тоҷик Владимир Ғуломҳайдаров – 75 сола шуд! – Федерация Футбола Таджикистана

Футболбоз ва мураббии маъруфи тоҷик Владимир Ғуломҳайдаров – 75 сола шуд!

Имрӯз, 26 феврал, яке аз дурахшонтарин ситораҳои футболи тоҷик, собиқ бозигари дастаи мунтахаби олимпии ИҶШС, Мураббии шоистаи Тоҷикистон Владимир Алексеевич Ғуломҳайдаров 75 сола шуд.

Владимир Алексеевич (Алишоевич) Ғуломҳайдаров 26-уми феврали соли 1946 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ғуломҳайдаров дар мавқеи ниммуҳофизатгар бозӣ мекард ва бинандагонро бо ҳунари волояш мафтун гардонида буд.

Ғуломҳайдаров солҳои 1964-1977 дар ҳайати дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе (то соли 1970 «Энергетик» ном дошт) бозӣ кардааст. Солҳои зиёд капитани даста буд. Ӯ дар лигаи якум дар ҳайати “Помир” дар 241 бозӣ 30 тӯб зада, ба қатори даҳ нафар беҳтарин нишонзанҳои даста дохил шудааст. Баъдан ин футболбози тоҷик ду сол (1969-1970) шарафи бошгоҳи маъруфи Русия –«Торпедо»-и Маскавро ҳимоя кардааст.

Соли 1968 Ғуломҳайдаровро ба дастаи мунтахаби олимпии ИҶШС даъват намуданд. Ӯ дар ҳайати дастаи мазкур ҳашт бозӣ гузаронида, ба задани 3 гол муваффақ шуд.

Соли 1978 Владимир Ғуломҳайдаров ба кори мураббигӣ гузашт. Мактаби олии мураббигиро анҷом дода, ба ҳайси ёвари сармураббӣ дар дастаи “Помир” фаъолиятро оғоз намуд. Аз моҳи июли соли 1981 ба вазифаи сармураббии даста таъин шуд ва то соли 1983 фаъолият кард. Соли 1983 ӯро дар ин вазифа Юрий Сёмин иваз намуд. Баъд аз муддате Ғуломҳайдаров дастаи “Вахш”-и шаҳри Қӯрғонтеппаро қабул карда, то соли 1991 онро роҳбарӣ намуд. Аз соли 1992 ба ҳайси мураббӣ боз ба “Помир” баргашт.

Соли 1994 Владимир Ғуломҳайдаров сармураббии тими миллии Тоҷикистон буд. Дар миёнаи солҳои 90-уми асри гузашта, Ғуломҳайдаров ба Қазоқистон кӯчид ва давоми солҳои гуногун дар дастаҳои «Ғайрат», «Тараз», «Жетису», «Мегаспорт», «Локомотив» ва «Сункар» фаъолият намуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон соҳибҷашнро ба муносибати 75-умин солгарди умрашон самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон тани сиҳату умри дароз ва комёбиву сарафрозиҳоро таманно менамояд.

Назари худро бинависед