Доварони Тоҷикистон бозиҳои лигаи якуми Арабистони Саудиро ҳакамӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони Тоҷикистон бозиҳои лигаи якуми Арабистони Саудиро ҳакамӣ мекунанд

Дар доираи ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳайати доварон аз Тоҷикистон барои хидматрасонии бозиҳои Лигаи шоҳзода Муҳаммад бин Салмон – дивизиони аввали Арабистони Саудӣ даъват шуданд.

Чаҳор довари тоҷик – доварони ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) ва Насрулло Кабиров (Норак), инчунин ёварони доварони ФИФА – Ҳасан Каримов (Норак) ва Вафо Қараев (Шаҳринав) бозиҳои лигаи аввали Арабистони Саудиро ҳакамӣ хоҳанд намуд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта доварон аз Тоҷикистон – Сайёдҷон Зайниддинов, Насрулло Кабиров, Акмал Бӯриев ва Хусрави Сиддиқзод – ёздаҳ бозии Лигаи шоҳзода Муҳаммад бин Салмонро доварӣ карданд.

Назари худро бинависед