Дастаи мунтахаби духтарони навраси Тоҷикистон (U-17) – ҷоизадори медалҳои биринҷии чемпионати CAFA-2021 – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби духтарони навраси Тоҷикистон (U-17) – ҷоизадори медалҳои биринҷии чемпионати CAFA-2021

Дар Душанбе мусобиқаи Созмони футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои футболи духтарони навраси то 17 сола ба анҷом расид. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти мусобиқа дастаи футболи духтарони навраси то 17 солаи Тоҷикистон соҳиби медалҳои биринҷӣ шуд.

Дар даври ҷамъбастии мусобиқа футболбоздухтарони навраси Тоҷикистон аз ҳамсолони эронии худ бо ҳисоби 3 ба 0 мағлуб шуд. Дастаи мунтахаби футболбоздухтарони то 17 солаи Узбекистон бошад, ба дастаи Афғонистон бо ҳисоби калони 8 ба 0 пирӯзӣ ёфт.

Ба ин тартиб, мунтахаби футболбоздухтарони навраси Узбекистон бо 7 имтиёз соҳиби медалҳои тилло, мунтахаби футболбоздухтарони Эрон бо 6 имтиёз соҳиби медалҳои нуқра ва дастаи мо бо 4 имтиёз соҳиби медалҳои биринҷии мусобиқа гардид.

Дар маросими ҷамъбаст ва мукофотонии ғолибону ҷоизадорони чемпионати CAFA-2021 байни дастаҳои мунтахаби духтарони навраси то 17 сола котиби генералии Созмони футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода ва котиби генералии ФФТ Давлатманд Исломов ширкат намуданд.

Ба ин тартиб, тӯҳфаи “Бозии одилона” («Fair play») ба дастаи Тоҷикистон, тӯҳфаи махсус ба тими Афғонистон тақдим шуд. Мукофоти “Беҳтарин нишонзани мусобиқа” ба Лейла Рустуллаева (Узбекистон) супорида шуд. Лейла дар бозиҳои мусобиқа ба задани 6 гол муваффақ гардид. Мукофоти “бозингари муфидтарин”-и мусобиқаро бошад, бозигари мунтахаби футболбоздухтарони Эрон Зулфӣ Моҳаддесоҳ соҳиб шуд

 

Чемпионати CAFA-2021 байни бонувони навраси то 17 сола

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Эрон – 0:3

Голҳо: Меҳрноз Иззатобидпур, 19 (0:1). Зулфӣ Моҳаддесоҳ, 34 (0:2). Малика Багҳеринасаб, 63 (0:3).

 

Узбекистон – Афғонистон – 8:0

Голҳо: Рухшона Сайдаббосова, 20 (1:0). Севинч Раҳматуллоева, 32 (2:0). Рухшона Сайдаббосова, 41 (3:0). Лейла Рустуллаева, 46 – аз пеналти (4:0). Лейла Рустуллаева, 56 (5:0). Ксения Бунтина, 60 (6:0). Лейла Рустуллаева, 67 (7:0). Мехрибон Эгамбердиева, 80+2 – аз пеналти (8:0).

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Узбекистон 3 2 1 0 11-1 7
2 Эрон 3 2 0 1 9-2 6
3 ТОҶИКИСТОН 3 1 1 1 6-6 4
4 Афғонистон 3 0 0 3 2-19 0

Назари худро бинависед