Дар марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2021 дар Суғд даҳ даста ширкат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Дар марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2021 дар Суғд даҳ даста ширкат мекунад

Дар марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Суғд даҳ даста иштирок мекунад. Бозиҳои мусобиқа дар ин минтақа дар варзишгоҳи “Лочин” баргузор мешаванд.

Дастаҳо мувофиқи қуръакашӣ ба ду гурӯҳӣ 5 дастагӣ ҷудо шуданд. Тибқи Низомномаи мусобиқа ғолибини гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбанд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 дар шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд.

 

Ҷоми ФФТ-2021

Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Суғд

Гурӯҳи «А»: «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Мактаби махсусгардонидашудаи футбол-Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Сирдарё» (Хуҷанд), «Гулистон» (Гулистон), «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов).

Гурӯҳи «Б»: «Истаравшан» (Истаравшан), Мактаби махсуси футбол  (Конибодом), «Эсхата» (Хуҷанд), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ), «Зарафшон» (Ҷаббор Расулов).

 

Тақвими бозиҳои ду даври аввал:

Даври 1-ум

21 январ (панҷшанбе)

10:00 – «Сирдарё» – «Гулистон»

14:00 – «Мактаби махсусгардонидашудаи футбол-Парвоз» – «Пахтакор»

22 января (ҷумъа)

10:00 – «Эсхата» – «Мастчоҳ»

14:00 – “Мактаби махсуси футбол” (Конибодом) – «Зарафшон»

 

Даври 2-юм

24 январ (якшанбе)

10:00 – «Пахтакор» – «Сирдарё»

14:00 – «Хуҷанд» – «Мактаби махсусгардонидашудаи футбол-Парвоз»

25 январ (душанбе)

10:00 – «Зарафшон» – «Эсхата»

14:00 – «Истаравшан» – “Мактаби махсуси футбол” (Конибодом)

Назари худро бинависед