Чордаҳ довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2021 шомил шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Чордаҳ довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2021 шомил шуданд

Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) рӯйхати доварони хизматрасони бозиҳои байналмилалиро дар соли 2021 интишор сохт. Аз Тоҷикистон ба ин рӯйхат 14 довар – 5 рефер, 7 ёварони рефери ФИФА ва ду довари футзал шомил шуд.

 

Реферони ФИФА:

Насрулло КАБИРОВ (Норак)

Сайёдҷон ЗАЙНИДДИНОВ (Душанбе)

Хуршед ДАДОБОЕВ (Хуҷанд)

Гулмуроди САЪДУЛЛО (Душанбе)

Нодира МИРЗОЕВА (Душанбе)

 

Ёварони рефери ФИФА:

Хусрави СИДДИҚЗОД (Душанбе)

Акмал БӮРИЕВ (Турсунзода)

Вафо ҚАРАЕВ (Шаҳринав)

Исмоил НУРАЛИЕВ (Норак)

Фарҳод КУРАЛОВ (Душанбе)

Ҳасан КАРИМОВ (Норак)

Дилшода РАҲМОНОВА (Душанбе)

 

Рефери ФИФА оид ба футзал:

Беҳрӯз МУРТАЗОЕВ (Душанбе)

Сӯҳроб САТТОРОВ (Турсунзода)

 

Аз ин рӯйхат нӯҳ нафар ба рӯйхати доварони баргузидаи Конфедератсияи футболи Осиё шомил мебошанд. Инҳо реферони ФИФА Насрулло Кабиров, Гулмуроди Саъдулло ва Сайёдҷон Зайниддинов, инчунин ёварони рефери ФИФА Хусрави Сиддиқзод, Акмал Бӯриев, Ҳасан Каримов, Вафо Қараев, Исмоил Нуралиев ва Фарҳод Куралов мебошанд.

Реферони ФИФА оид ба футзал Беҳрӯз Муртазоев ва Сӯҳроб Сатторовро барои ба рӯйхати доварони баргузидаи Конфедератсияи футболи Осиё шомил шудан, лозим аст, ки имсол аз чанд санҷиш гузаранд.

Назари худро бинависед