Чемпионати Тоҷикистон-2020: бохти нахустини «Хатлон» – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Тоҷикистон-2020: бохти нахустини «Хатлон»

Дар даври шашуми бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2020 дастаи футболи “Хатлон”-и Бохтар, ки яке аз муддаиёни асосии мақомҳои ифтихории мусобиқаи имсола маҳсуб меёбад, ба бохт дучор шуд. “Хатлон” дар сафар аз КМВА (Душанбе) бо ҳисоби 1 бар 2 мағлуб гашт.

Рӯзи якшанбеи 21 июн, бо баргузории се бозии боқимонда, даври шашуми бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон ҷамъбаст шуд. “Хатлон” бо ҳисоби 1 бар 0 бар КМВА (Душанбе)  ғолиб шуда истода, дар натиҷа бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб гашт. Ҳисоби вохӯриро дар дақиқаи 11 ниммуҳофизи бохтариҳо Парвиз Боқиохунов боз кард. Баъд аз шаш дақиқа ҳамлагаи мудофиачиён Шодибек Ғаффоров ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 34 бозӣ бошад, муҳофизатгари КМВА Бахтиёр Қаландаров аз масофаи дур бо зарбаи сахт тӯбро вориди кунҷи болои дарвозаи Шаҳром Исмоилв намуда, дастаи худро ба пеш баровард.

Баъд аз бохт бо ҳисоби калон аз “Истиқлол” дар даври панҷум футболбозони “Регар-ТадАЗ” муваффақ гаштанд, ки дар ин давр ба худ омада, дар сафар бар “Локомотив-Помир” бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо гарданд. Голҳои задаи Ёқубҷон Ахмедов ва Доробҷон Эргашев се имтиёзи гаронбаҳоро насиби металургчиён намуд.

Дар бозии дигари ин давр “Душанбе-83” дар майдони худ бар “Кӯктош”-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омад. Голҳои “шаҳриёнро” Элчибек Рашидбеков ва Идрис Амину заданд.

Ба ин тартиб, баъди шаш давр дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 16 имтиёз пешсафи ягона мебошад. “Хуҷанд” ва “Хатлон” бо 13 имтиёзӣ дар мақомҳои дувуму сеюм қарор доранд.

Бозиҳои даври ҳафтуми Лигаи олии кишвар рӯзҳои истироҳатии шанбе ва якшанбеии ҳафтаи ҷорӣ доир мешаванд. Дар бозии марказии ин давр ду муддаии асосии медалҳои тиллои мавсими имсолаи Лигаи олӣ “Хуҷанд” ва “Истиқлол” бо ҳам вомехӯранд. Бозӣ рӯзи 28 июн дар Варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6-ум

«Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 1:2

ГолҳоЁқубҷон Ахмедов, 2 (0:1). Доробҷон Эргашев, 6 (0:2). Ҳаким Ҳасанов, 77 (1:2).

«Локомотив-Помир» (Душанбе): Шоҳрух Қиргизбоев, Муҳаммад Саломзода, Шуҳрат Элмуродов, Умедҷон Холиқов (Нидоёр Забиров, 46), Шоҳрух Сангов, Азизбек Ҳасанов (Муҳаммад Бӯризод, 82), Озодбек Панҷиев (Ҳаким Ҳасанов, 64), Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов, Парвиз Ҳоҷиев (Эмомалӣ Аҳмадхон, 46), Шаҳром Сулаймонов.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзаде): Далер Азизов, Доробҷон Эргашев, Ёқубҷон Ахмедов, Оятулло Сафаров (Самандар Қудратзода, 88), Акбар Бобомуродов (Азизбек Далиев, 83), Расул Пайзов, Акбари Шелдари Араш, Нозим Бобоҷонов, Ҳоҷиакбар Узоқов (Азизбек Хаитов, 88), Парвиз Бахтиёрзода, Шерзод Маҳамадиев (Диловаршо Ғаниев, 56).

Огоҳонида шуданд: Шӯҳрат Элмуродов, Эмомалӣ Аҳмадхон («Локомотив-Помир»), Оятулло Сафаров («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣДоробҷон Эргашев («Регар-ТадАЗ»).

СардоварНасрулло Кабиров (Норак).

Нозири доваронРустам Абдуллоев (Душанбе).

Комиссари бозӣБобоҷон Қаландаров (Душанбе).

21 июн. Рӯдакӣ. Варзшгоҳи «Нефтяник».

 

«Душанбе-83» – «Кӯктош» – 2:1

ГолҳоДалер Ёдгоров, 38 (0:1). Элчибек Рашидбеков, 72 (1:1). Идрис Амину, 89 (2:1).

«Душанбе-83» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Аъзамҷон Муродов, Далер Имомназаров, Парвизҷон Ҳамидов, Алишер Эргашев, Дилшод Расулов (Агблей Ҷонс, 55), Идрис Амину, Хуршед Абдуллоев, Элчибек Рашидбеков, Адухене Колинс, Фарҳод Қосимов.

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Қурбоналӣ Бобоев, Аҳтамҷон Холбоев (Бунёд Шодиев, 46), Принс Артур, Холмурод Назаров, Султоншо Мирзоев, Далер Ёдгоров, Отабек Каримов (Аббос Икромов, 79), Мунир Давлатбеков, Ҳикматулло Расулов, Муҳсинҷон Абдуғаффоров, Собирҷон Холматов (Муҳиддин Одилов, 46).

Огоҳонида шуданд: Далер Ёдгоров, Муҳсинҷон Абдуғаффоров, Султоншо Мирзоев («Кӯктош»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Элчибек Рашидбеков («Душанбе-83»).

СардоварСайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Ҳамза Пиров (Шаҳринав).

Комиссари бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).

21 июн. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ.

 

КМВА – «Хатлон» – 2:1

ГолҳоПарвиз Боқиохунов, 11 (0:1). Шодибек Ғаффоров, 19 (1:1). Бахтиёр Қаландаров, 34 (2:1).

КМВА (Душанбе):

«Хатлон» (Бохтар): Шаҳром Исмоилов, Ҳусейн Нурматов, Наимҷон Ибрагимзода, Муҳаммадҷон Насков, Равшан Азизов, Сорбон Авғонов (Комрон Исмоилов, 72), Умарҷон Шарипов, Кароматулло Саидов, Эҳсон Бобоев, Худойдод Узоқов (Саидшо Бозоров, 85), Парвиз Боқиохунов.

Огоҳонида шудандАлиҷон Кароматуллозода, Бахтиёр Қаландаров, Шамсиддин Қосимов (КМВА), Кароматулло Саидов, Равшан Азизов («Хатлон»).

Аз майдон хориҷ шудМуҳаммадҷон Насков («Хатлон»), 87 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣБахтиёр Қаландаров (КМВА).

СардоварНасим Ҳамидов (Душанбе).

Нозири доварон: Ориф Ҷӯраев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Ҷамшед Исмоилов (Душанбе).

21 июн. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА ВМ ҶТ.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 6 5 1 0 31-4 16
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 6 4 1 1 13-7 13
3 «Хатлон» (Бохтар) 6 4 1 1 12-9 13
4 «Файзканд» (Восеъ) 6 2 3 1 8-9 9
5 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 6 2 2 2 7-9 8
6 КМВА (Душанбе) 6 2 1 3 8-10 7
7 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 6 2 1 3 10-13 7
8 «Душанбе-83» (Душанбе) 6 2 1 3 4-11 7
9 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 6 1 1 4 7-11 4
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 6 0 0 6 4-21 0

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 8 голАлишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳама аз «Истиқлол») – 5 голӣХудойдод Узоқов («Хатлон»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Шодибек Ғаффоров (КМВА) – 4 голӣВоҳид Оразсахедов («Истиқлол»), Парвиз Боқиохунов («Хатлон»), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»), Илҳом Баротов («Истаравшан») – 3 голӣ.

 

Дар даври 7-ум вомехӯранд:

27 июн (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:30

«Хатлон» – «Файзканд»

«Кӯктош» – КМВА

«Истаравшан» – «Локомотив-Помир»

 

28 июн (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:30

«Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83»

«Хуҷанд» – «Истиқлол»

Назари худро бинависед