Бозии пешсафон мусовӣ анҷом ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии пешсафон мусовӣ анҷом ёфт

Бозии марказии даври сеюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хатлон” бо ҳисоби баробари 2 бар 2 анҷом ёфт.

Бозии марказии давр байни ду дастаи пешсафи ҷадвали мусобиқа хеле пуршиддату диданӣ сурат гирифт. Ҳисобро дар дақиқаи 9 бозӣ ҳамлагари “Хатлон” Павиз Боқиохунов кушод. Дар дақиқаи 32 баъди анҷоми зарбаи кунҷӣ ҳамлагари “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов ҳисоби вохӯриро баробар намуд. Пеш аз танаффус капитани “Хатлон” Умедҷон Шарипов голи дуюми дастаашро зада, “Хатлон”-ро боз ба сафи пеш баровард. Дар дақиқаи 90+5 сардовари вохӯрӣ Насрулло Кабирови норакӣ ба дарвозаи “Хатлон” зарбаи ҷаримавӣ таъин намуд. Зарбаи пеналтиро Манучеҳр Ҷалилов амалӣ намуда, “Истиқлол”-ро аз бохт наҷот бахшид.

Дар бозии дигари ин давр КМВА дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 3 бар 1 дебютанти лига “Локомотив-Помир” бо ҳисоби бузурги 3 бар 1 дастболо шуд. Голҳои мудофиачиёнро Шодибек Ғаффоров, Дилшод Восиев ва легионери узбекистонӣ Нодирбек Ибрагимов заданд. Голи ягонаи роҳиоҳанчиёнро Ислом Зоиров ба нишон расонд.

Дар бозии ҷамъбастии даври сеюм рӯзи чоршанеи 22 апрел “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе “Хуҷанд”-и хуҷандро қабул мекунад. Оғози ин вохӯрӣ соати 18:00 муқаррар шудаст.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«Истиқлол» – «Хатлон» – 2:2

ГолҳоПарвиз Боқиохунов, 9 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 32 (1:1). Умарҷон Шарипов, 45 (1:2). Манучеҳр Ҷалилов, 90+5 – аз пеналти (2:2).

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Марко Милич, Искандар Ҷалилов (Мухаммадҷон Раҳимов, 58), Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Алексей Ларин, Виктор Свежов, Алишер Ҷалилов, Хуршед-Тимур Ҷӯраев (Амадони Камолов, 70), Шериддин Бобоев (Рустам Соиров, 66), Манучеҳр Ҷалилов.

«Хатлон» (Бохтар): Куайе Годсон, Ҳусейн Нурматов, Наимҷон Ибрагимзода, Муҳаммад Насков (Фирдавс Алиназаров, 81), Равшан Азизов, Сорбон Авғонов, Умарҷон Шарипов, Кароматулло Саидов, Эҳсон Бобоев, Худойдод Узоқов (Сунатулло Исмоилов, 77), Парвиз Боқиохунов (Саидшо Бозоров, 75).

Огоҳонида шуданд: Виктор Свежов, Хуршед-Тимур Ҷӯраев, Рустам Соиров («Истиқлол»), Эҳсон Бобоев, Муҳаммад Насков, Кароматулло Саидов («Хатлон»).

Аз майдон ронда шудУмарҷон Шарипов («Хатлон»), 80 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣКуайе Годсон («Хатлон»).

СардоварНасрулло Кабиров (Норак).

Нозири доваронРустам Абдуллоев (Душанбе).

Комиссари бозӣСубҳон Шодиев (Душанбе).

19 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

 

КМВА – «Локомотив-Помир» – 3:1

ГолҳоШодибек Ғаффоров, 6 (1:0). Дилшод Восиев, 30 (2:0). Ислом Зоиров, 50 (2:1). Нодирбек Ибрагимов, 79 (3:1).

КМВА (Душанбе): Иван Пономаренко, Билол Сулаймонов, Бахтиёр Қаландаров, Алиҷони Кароматуллозода, Дмитрий Бондар, Парвиз Кашкаров (Шамсиддин Қосимов, 25), Дилшод Восиев (Комрони Мирзохон, 68), Артем Гайдаш, Нодирбек Ибрагимов (Сӯҳроб Ҷалилов, 89), Шервони Мабатшоев, Шодибек Ғаффоров.

«Локомотив-Помир» (Душанбе): Шоҳрух Қирғизбоев, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарипов, Маҳмуд Пиров (Ҳакимҷон Ҳасанов, 46), Сорбон Ғиёсов, Эмомалӣ Аҳмадхон (Шӯҳрат Элмуродов, 46), Озодбек Панҷиев, Шаҳром Сулаймонов, Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов (Парвиз Хоҷаев, 89).

Огоҳонида шудандЭмомалӣ Аҳмадхон, Исроил Холов («Локомотив-Помир»), Артем Гайдаш, Шамсиддин Қосимов, Дмитрий Бондар, Сӯҳроб Ҷалилов (КМВА).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣДилшод Восиев (КМВА).

СардоварНасим Ҳамидов (Душанбе).

Нозири доваронАбдулло Алимов (Ҳамадонӣ).

Комиссари бозӣАзизҷон Достиев (Турсунзода).

19 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.

 

22 апрел (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

«Кӯктош» – «Хуҷанд»

СардоварСайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доваронҲамза Пиров (Шаҳринав).

Комиссари бозӣПӯлод Қодиров (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

    Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 3 2 1 0 11-2 7
2 «Хатлон» (Бохтар) 3 2 1 0 7-5 7
3 «Файзканд» (Восеъ) 3 1 2 0 5-4 5
4 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 2 1 1 0 3-0 4
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 3 1 1 1 6-4 4
6 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 3 1 1 1 4-5 4
7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 1 0 1 5-4 3
8 КМВА (Душанбе) 3 1 0 2 4-6 3
9 «Душанбе-83» (Душанбе) 3 0 1 2 0-8 1
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 3 0 0 3 2-9 0

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 5 голШериддин Бобоев («Истиқлол»), Парвиз Боқиохунов («Хатлон») – 3 голӣАлишер Ҷалилов («Истиқлол»), Шерзод Маҳамадиев, Диловаршо Ғаниев (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ») – 2 мяча.

Назари худро бинависед