Бохти наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии якуми дӯстона аз тими наврасони Эрон – Федерация Футбола Таджикистана

Бохти наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии якуми дӯстона аз тими наврасони Эрон

Дастаи мунтахаби наврсони зери 16 соли Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии якуми дӯстона аз тими наврасони Эрон бо ҳисоби калони 4 бар 1 шикаст хӯрд. Бозӣ рӯзи 23 декабр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бидуни иштироки мухлисон баргузор шуд. Голи ягонаи дастаи моро ниммуҳофиз Бежан Нишонбойзода зад.

Рӯзи шанбеи 26 декабр, соати 14:00 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии дуюми дӯстонаи ҳарду даста баргузор хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзҳои 24 ва 27 декабр, соати 14:00 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозиҳои дӯстонаи мунтахабҳои ҷавонони зери 19 соли Тоҷикистону Эрон доир мегардад.

 

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Эрон (U-16) – 1:4

Голҳо: Амир Иброҳимзода, 14 (0:1). Алиакбар Ранҷбар, 20 (0:2). Бежан Нишонбойзода, 58 (1:2). Муҳаммадризо Кушкӣ, 77 (1:3). Ёдгор Рустамӣ, 83 (1:4).

Тоҷикистон (U-16): Сафармад Ғаффоров, Меҳрубони Абдурауф, Фахриддин Аҳтамов, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (Шаҳриёри Иноятулло, 46), Ҳукмиддин Шодмонов, Бежан Нишонбойзода, Азизбек Далиев (Абдулфаттоҳи Худойдодзода, 46), Кабир Салимшоев, Аббос Андалибов (Меҳрубон Каримов, 80), Сунатулло Азизов (Хуршед Давлатзода, 76), Амирҷони Фаррухзод (Асадбек Ҷӯрабекзода, 69).

Эрон (U-16): Солеҳи Мухаммадзода, Амирҳусайн Сагхафӣ, Фардин Баҳрӣ, Муҳаммадризо Кӯшкӣ (Муҳаммад Сам Аббасголизода, 90), Сонхан Камолванд (Масих Муродӣ, 26), Саджади Хадеми Сейёдбанадаки (Ёдгар Рустамӣ, 58), Алиакбар Ранҷбар (Мерсад Сулаймонӣ, 90), Аршиа Каримӣ, Субҳон Надери (Алиреза Иноятзадехбура, 26), Амир Иброҳимзода (Ясин Ҷафаричашмӣ, 58), Сина Гҳамсемӣ.

Огоҳонида шуданд: Амирҷони Фаррухзод, Меҳрубони Абдурауф, Меҳрубон Каримов (Тоҷикистон), Амирҳусайн Сагхафӣ, Фардин Баҳрӣ (Эрон).

Аз майдон хориҷ шуд: СолеҳӣМуҳаммадзода (Эрон), 23 – барои фоли «умеди охирон».

Сардовар: Абдулло Давлатов (Тоҷикистон).

Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Тоҷикистон).

23 декабр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Назари худро бинависед