Қатар, Малайзия ва Яман – рақибони мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 – Федерация Футбола Таджикистана

Қатар, Малайзия ва Яман – рақибони мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон (U-19) дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 14 то 31 октябр дар Тошканди Узбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи “Д” баромад мекунад. Рақибони ҷавонони мо дар гурӯҳ дастаҳои мунтахаби ҷавонони Қатар, Малайзия ва Яман мебошанд.

Имрӯз, 18 июн, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, дар Куала-Лумпури Малайзия маросими қуръакашии марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2020 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19 сол (U-19)  баргузор гардид.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ муайян гашт, ки дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон (U-19)  дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи “Д” баромад мекунад. Дар ин гурӯҳ рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон (U-19)  дастаҳои мунтахаби ҷавонони Қатар, Малайзия ва Яман ҳастанд.

Аз рӯи ҳисоб 14-умин марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни ҷавонони то 19 сол (U-19)  аз 14 то 31 октябр дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад ва дар он 16 дастаи пурқувваттарин Осиё ширкат меварзанд. Дар рафти қуръакашӣ ин 16 даста ба чор гурӯҳи чор дастагӣ тақсим карда шуданд.

Тибқи тартиби баргузории марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё байни ҷавонон, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи мақомҳои аввалу дуюм ба марҳилаи баъдӣ мебароянд. Дар сурати роҳ ёфтан ба марҳилаи 1/4 ниҳоӣ дастаи мунтахаби ҷавонони мо бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” – Арабистони Саудӣ, Австралия, Ветнам ва ё Лаос вомехӯрад.

Ёдрас мешавем, ки чор дастаи беҳтарини марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2020 байни ҷавонони то 19 сол соҳиби роҳхат ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2021 байни ҷавонони то 20 сол (U-20) мешаванд. Баргузории мусобиқаи мазкур дар давлати Индонезия ба нақша гирифта шудаст. Дар сурати ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2021 байни ҷавонони то 20 сол (U-20) роҳ ёфтани мунтахаби ҷавонони Индонезия, дастаи панҷуми қораи Осиё соҳиби роҳхати ҳақи иштирок ба ин мусобиқа мегардад.

 

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2020 байни ҷавонони то 19 сол (U-19):

Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Индонезия, Камбоҷа, Эрон.

Гурӯҳи «В»: Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ироқ, Баҳрайн.

Гурӯҳи «С»: Арабистони Судӣ, Австралия, Ветнам, Лаос.

Гурӯҳи «D»: Қатар, ТОҶИКИСТОН, Малайзия, Яман.

Назари худро бинависед