Ғалабаҳои бузурги “Истиқлол” ва “Хуҷанд” – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаҳои бузурги “Истиқлол” ва “Хуҷанд”

Дар бозии марказии даври 11-уми чемпионати Тоҷикистон чемпиони феълӣ “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони худ витсе-чемпиони мамлакат “Хайр”-и Ваҳдатро қабул карда, бо ҳисоби бузурги 8 бар 0 шикаст дод. Панҷ голи чемпионро ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонда, дар сабқати нишонзанҳои лига бо 13 гол ба ҷои аввал баромад.

Дар бозии дигари ин давр “Хуҷанд” дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 4 бар 0 дастболо шуд. Ду голи дастаи соҳили Сирдарёро Ҷаҳонгир Эргашев ва як голиро Иброҳим Рабимов ва Аҳтам Ҳамроқулов ба самар расонданд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 11-ум

«ИСТИҚЛОЛ» – «ХАЙР» – 8:0

ГолҳоМанучеҳр Ҷалилов, 6 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 23 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 27 (3:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 59 (4:0). Манучеҳр Ҷалилов, 61 (5:0). Манучеҳхр Джалилов, 65 (6:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 72 (7:0). Зиёвуддин Фузайлов, 90 (8:0).

 

«ХУҶАНД» – «ВАХШ» – 4:0

Голҳо: Иброҳим Рабимов, 8 (1:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 12 (2:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 58 (3:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 67 (4:0).

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 11 11 0 0 45-2 33
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 11 8 2 1 23-7 26
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 11 6 4 1 18-8 22
4 «Равшан» (Кӯлоб) 11 6 2 3 24-22 20
5 «Хайр» (Ваҳдат) 11 6 1 4 15-21 19
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 11 4 2 5 8-13 14
7 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 11 3 2 6 13-17 11
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 11 1 3 7 3-22 6
9 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 11 1 2 8 8-22 5
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 11 0 0 11 2-25 0

Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 13 гол, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 10 гол, Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол») – 7 голӣ, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Равшан») – 5 голӣ.

Добавить комментарий